Ссылки доступа

Номгузории тоҷикӣ ҳатмӣ шуд


Бахши сабти асноди ҳолтаҳои шаҳрвандии Тоҷикистон эълон кард, ки минбаъд истифода аз пасояндҳои русии “ов”, “ова”, “ович” ва “овна” зимни номгузорӣ расман манъ шудааст.

Ҷалолиддин Раҳимов, муовини ин ниҳод гуфт, чунин қарор баъд аз қабули ислоҳот ба қонуни Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ба иҷро даромадааст. Дар моҳи март ин ҳуҷҷатро президенти Тоҷикистон имзо карда буд.

“Тибқи ин қонун, минбаъд насаби сокинон бо истифода аз пасояндҳои тоҷикии “зод”, “зода”, “ӣ”, “иён” ва “фар” сохта мешавад. Ин пасояндҳои қадимии тоҷикӣ аст. Барои мисол, “Каримзод” ё “Каримзода”. Аммо пасояндаи “зод” маҷбурӣ нест ва шаҳрвандон метавонанд барои насаби худ пасоняди мисли “пур”-ро ҳам интихоб кунанд”, - афзуд вай.

Раҳимов зикр кард, ҳанӯз сокиноне низ ҳастанд, ки мехоҳанд дар насаби фарзандонашон пасояндҳои “ов”, “ова”, “ович” ва “овна”-ро ҳифз кунанд. “Он вақт мо бо онҳо сӯҳбат мекунем ва барояшон мефаҳмонем, ки ҳадаф тоҷикӣ кардани насаб аст ва онҳо розӣ мешаванд. Агар вазъият тағйир наёбад, пас баъд аз 10 сол фарзандони мо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: онҳое, ки бо номҳои тоҷикии худ мефахранд ва онҳое, ки номи бегона доранд. Мо бояд эҳсоси миллӣ дошта бошему ҳамзамон ватандӯст ҳам бошем”.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон баҳори соли 2007 аз мардум даъват карда буд, ки пасояндҳои русии “ов”, “ова”, “ович” ва “овна”-ро ба пасояндҳои тоҷикӣ иваз кунанд. Он замон худи президенти Тоҷикистон, ки Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович буд, исмашро ба Эмомалӣ Раҳмон табдил дод. Баъд аз чунин тасмими президент чанде аз мақомот номи худро ба шакли тоҷикӣ табдил доданд. Аммо, сипас бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Русия бо шиносномаҳои дорои насаби тоҷикӣ бо мушкил дучор шуданд ва пасояндҳои русӣ дар насаби тоҷикон дубора маҳбубият пайдо кард.

Раҳимов мегӯяд, минбаъд дар ин замина гузаште нахоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, нафароне, ки мехоҳанд ҳуҷҷатҳояшонро иваз кунанду дар насабашон пасояндҳои русӣ ҳастанд, ин насаб бо пасоянди тоҷикӣ иваз карда мешавад.

XS
SM
MD
LG