Ссылки доступа

Муоинаи равонии "дояи қотил" ба охир расид


Табибони Донишгоҳи равонии ба номи Сербский ахиран муоинаи шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқуловаро ба охир расониданд. Бобоқулова дар бемористони Донишгоҳи равонӣ наздики як моҳ бистарӣ буд.

Тавре хабар дода мешавад, ду рӯз пеш "дояи қотил" аз Маркази Сербский ба бемористони равонии боздоштгоҳи №2 "Бутирка" оварда шудааст. "Натиҷаи муоинаро ҳоло махфӣ нигаҳ медоранд. Аммо зоҳиран, бемори равонӣ будани вай тасдиқ шудааст. Зеро миёни тамоми боздоштгоҳҳои Москва танҳо Бутирка бемористони равонӣ дорад, ки ҳангоми тафтишот боздоштшудаҳои бемор онҷо нигаҳдорӣ мешаванд", - хабар медиҳад як манбаъ аз мақомоти қудратии Русия.

Бобоқулова дар рӯзҳои аввали боздошт дар СИЗО-и "Печатники"-и Москва нигаҳдорӣ мешуд, аммо баъди муоинаи равоншинос вай ба "Бутирка" бурда шуд. Пеш аз муоинаи равонӣ дар Маркази Сербский вай муолиҷа гирифта буд. Бобоқулова ба табибон иқрор шудааст, ки "садое аз мағзаш" ба куштани кӯдак амр кардааст.

Ёдрас мешавем, куштори ваҳшиёнаи кӯдак дар охири моҳи ферал дар Москва рух дод. Доя интизор монд, ки волидони кӯдак аз хона хориҷ шаванд ва баъдан кӯдакро бӯғӣ ва сарашро аз тан ҷудо кардааст. Бобоқулова баъди қатли кӯдак хонаро оташ зада, ба кӯча баромадааст. То боздошташ, вай дар назди истгоҳи метро тақрибан 20 дақиқа бо сари буридаи кӯдак гашту гузор кард.

Баъди боздошт дақиқ шуд, ки дар Ӯзбекистон чанд сол пештар ба Бобоқулова гуфтаанд, ки бемори равонӣ аст. Вале вай ин бемориро аз волидони кӯдаки кушташуда пинҳон доштааст.

XS
SM
MD
LG