Ссылки доступа

Байден бо сафари ғайриинтизор ба Ироқ омад


Ноиб-президенти ИМА Ҷо Байден барои баррасии вазъи сиёсӣ дар Ироқ ва мубориза бо ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” ба Бағдод ва ноҳияи мухтори Курдӣ сафари эълон нашуда анҷом медиҳад.

28-уми апрел вай бо сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Абадӣ ва раиси порлумони ин кишвар Салим ал-Ҷабурӣ мулоқот кард.

Байден гуфт, эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии ИМА ва артиши Ироқ дар мубориза бо “ДИ” “пешравии чашмрасеро” соҳиб шудаанд. Вай хабар дод, ки дидораш бо Абадӣ ба амалиёти бозпас гирифтани шаҳри Мосул бахшида шуд. Ин шаҳрро ҷангҷӯён соли гузашта тасарруф карданд. Кохи сафед ҳадафҳои Байден дар Ирбил, маркази ноҳияи Курдро, ки ноиб-президенти ИМА аз Бағдод ба он ҷо парвоз кард, шарҳ намедиҳад.

Дар моҳҳои охир дар Ироқ дар робита ба ҳайати нави ҳукумат, ки ба он асосан сиёсатмадорони технократ шомил шудаанд, як навъ порашавии сиёсӣ мушоҳида мегардад. Ба дунболи чунин вазъ эътирозҳои мардумӣ бар по шуда, ислоҳоти давлатиро талаб мекунанд. ДИ минтақаҳоеро дар шимол ва ғарби Ироқ таҳти назорат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG