Ссылки доступа

Олмон аз фурӯпошии "G7+ Русия” хабар дод


Намояндаҳои дастгоҳи садри аъзами Олмон ба ин назаранд, ки ҳанӯз заминае барои бозгашти Русия ба гурӯҳи кишварҳои пешрафтаи саноатӣ вуҷуд надорад ва чаҳорчӯбаи “G8” мурдааст”, - навиштааст шабакаи радиоии “Мавҷи олмонӣ” дар такя ба рӯзномаи Der Spiegel.

10-уми апрел вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер гуфт, ки саҳми сиёсӣ дар ҳалли даргирӣ дар шарқи Украина ва нақши “созанда”-и давомдор дар ҳалли сулҳи Сурия шарти асосӣ барои бозгашти Русия ба ҳайати “Ҳаштгонаи бузург” аст.

Фаъолияти чаҳорчӯбаи “Ҳаштгонаи бузург” баъд аз ғасби нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия ба охир расид. Аз соли 2014 Бритониё, Олмон, Италия, Канада, Фаронса, ИМА ва Ҷопон бидуни Русия бо ҳам дидор мекунанд.

XS
SM
MD
LG