Ссылки доступа

Ба "фиребгари ишқҳои телефонӣ" 13 соли ҳабс таҳдид мекунад


Ниҳодҳои қудратии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон нисбати Иқболмоҳ Лутфуллозодаи 25-сола бо гумони қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.

Ба иттилои тафтишот, ин духтар бо истифода аз имкониятҳои мобилӣ садои худро ба овози мардона табдил карда, бо духтарҳои гуногун шинос шуда ва баъд аз муддате хоҳиш мекардааст, ки аксашонро фиристанд. Бо гузашти вақти бештаре ба онҳо таҳдид мекардааст, ки агар барояш маблағ нафиристанд, онҳоро шараманда мекунад.

Лутфуллозодаро 13 соли зиндон таҳдид мекунад. Барномаи зангҳои телефонии “0990” аз ширкатҳои мобилӣ имкон медиҳад тавассути роботи электронӣ садои шахс ба овози мардона, занона ё кӯдакона табдил шавад.

Фирӯзшоҳ Одиназода, раиси милисаи ноҳияи Панҷ дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, Иқболмоҳ тавассути телефон худро бо номи Муҳаммад муаррифӣ карда, изҳор медоштааст, ки дар ҷустуҷӯи дӯстдоштааш мебошад ва қурбониашро ба худ “ошиқ мекардааст”.

“Баъд аз он аз духтарҳо хоҳиш мекардааст акси худро фиристанд. Сипас, Иқболмоҳ ба онҳо таҳдид мекардааст, ки агар барояшон маблағ нафиристанд, акси бараҳнаи онҳоро дар интернет нашр мекунад. Танҳо аз як қурбонӣ вай тавонистааст 3 ҳазор сомонӣ ситонад. Теъдоди қурбониёнаш хеле зиёданд”, - хабар медиҳад Одиназода.

Иқболмоҳ Лутфуллозода дар аввали моҳи апрел баъд аз шикояти чанд духтар боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG