Ссылки доступа

Қазоқистон: ҷаримаи сангин барои мавқеи шаҳрвандӣ


Додгоҳи маъмурии шаҳри Актобеи Қазоқистон фаъоли шаҳрвандӣ Алима Абдироваро бо айби “вайрон кардани қоидаи баргузории гирдиҳамоӣ” 40 нишондоди ҳадди ақал (беш аз 84 ҳазор танга) ҷарима баст.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ Олга Климонова, ки дар ҷаласаи додгоҳӣ ширкат дошт, судя Тойбазар қарор кард, ки Абдирова дар ду ҳолат қоидаро вайрон кардааст: 27-уми апрел ҳангоми баргузории гирдиҳамоии ғайриқонунӣ дар Актобе ва 1-уми май ҳангоми гаштугузор дар назди бинои ҳукумати вилоятӣ. Дар мавриди охирин судя бар асоси баёноти маъмурони пулис, ки Абдироваро боздошт карданд, ба хулосае омад, ки вай ҳатто талош кардааст мардумро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ҷалб кунад.

Худи Абдирова дар посух гуфт, ки аз сӯи маъмурони пулис рабуда шудааст. Дар навори видеоӣ дар сафҳаи интернетии ҳомии ҳуқуқ Олга Климонова дар Facebook, фаъоли шаҳрвандӣ иддао дорад, ки танҳо барои харидани кулчаи идонаи масеҳӣ ба кӯча баромадааст. Ҳамчунин вай гуфт, ки маъмурони пулис вайро ҷисман маҷруҳ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Актобеи Қазоқистон Ардагер Уайдин гуфт, дар бораи сабабҳои боздошти ин фаъоли шаҳрвандӣ иттилое надорад.

Алима Абдирова – фаъоли шаҳрвандии актобеӣ, ки 26-уми апрел ба танҳоӣ иқдоми эътирозии зидди “фурӯши замин”-ро анҷом дод, 27-уми апрел дар гирдиҳамоии дигаре дар Актобе ширкат кард.

XS
SM
MD
LG