Ссылки доступа

Додгоҳ гумонбарони куштори дастаҷамъонаи Сизранро ҳабс кард


Додгоҳи ноҳияи Сизрани вилояти Самараи Русия 3 гумонбари куштори дастаҷамъии муовини сардори сарраёсати вазорати корҳои дохилии ин вилоят Андрей Гошта ва аъзои хонаводаи ӯро ҳабс кард.

Ҷаласаи додгоҳ пушти дарҳои пӯшида баргузор шуд. Додситони ноҳияи Сизран Евгений Ирха ба хабарнигорон гуфтааст, ки гумонбарон - зодагони Озарбойҷонанд. Онҳо барои 2 моҳ дар СИЗО ҳабс мешаванд.

Ҷасади Гошта ва панҷ узви хонаводаи вай рӯзи 24 апрел дар яке аз манзилҳои деҳаи Ивашевкаи вилояти Самара пайдо гардид. Бародарзодаи 7-солаи Гоштаро дар беморхона дар ҳолати вазнин бистарӣ карданд.

Пештар аз ин Кумитаи тафтишотии Русия хабар дода буд, ки се нафар "зодаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ" бо гумони куштор боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG