Ссылки доступа

Обама: амалиёти вижа - абзори асосии мубориза бо террористон аст


Амалиёти нерӯҳои вижа ҳамроҳ бо иттилои иктишофӣ абзори аслии президентҳои Амрико дар мубориза бо террористон хоҳад буд, гуфт президенти ИМА Барак Обама дар мусоҳибае бо телевизиони CNN, ки шоми душанбе нишон дода шуд.

Дар барномаи телевизионии бахшида ба панҷсолагии аз байн бурдани Усоми бин Лодан, роҳбари шабакаи террористии "Ал-Қоида", президент Обама пешбинӣ кард, ки ин амалиёт барои иқдомҳои оянда намуна хоҳад буд.

Ба гуфтаи президент, дар натиҷаи талошҳои зиддитеррористии амрикоӣ тавоноии гуруҳҳои террористии монанди "Ал-Қоида" барои анҷоми амалиёти густурда дар ҳудуди ИМА якбора кам шуд. Сарфи назар аз ин, ҳоло андешаи тундгароӣ ба пуррагӣ маҳв нашудааст.

"Ҷаҳон хатарнок боқӣ мондааст. Шарқи Наздик нисбати гузашта ба ҳолати нобасомонтаре фурӯ рафтааст", - эътироф кард Обама. Бе зикри мустақими ҳузури низомии Амрико дар Ироқу Афғонистон, президенти ИМА гуфт, ки фиристодани нерӯи низомии иборат аз 100 ҳазор нафар ба кишварҳое, ки пойгоҳи шабакаҳои террористӣ шудаанд, "зиёновар ва навъе тавонбахши идеологияе ҳаст, ки мо зидди он меҷангем".

XS
SM
MD
LG