Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон озодиҳои динӣ шадидан маҳдуд мешаванд


Тоҷикистон ба рӯйхати 17 кишваре ворид гардид, ки аз сӯи Кумиссиюни ИМА оид ба озодиии динии байналмилалӣ (USCIRF) танқид шудаанд.

Дар соли гузашта таъқиби одамон ба далелҳои мазҳабӣ дар саросари ҷаҳон афзудааст. Ин хулоса дар гузориши солонаи Кумиссиюни ИМА оид ба озодиии динии байналмилалӣ, ки дар соли 1998 бо қарори Конгресси ИМА таъсис шудааст, ҷой дорад.

17 кишвар, ки ба қатори бадтарин поймолкунандагони озодиҳои динӣ шомиланд, танқиди сахт шудаанд. Миёни ин кишварҳо Мянма, Эрон, Куриёи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳастанд.

Муаллифон бовар доранд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи фаъолиятҳои мазҳабиеро, ки зери назорати давлатӣ нестанд, саркӯб мекунад. Ҳукумат бо айбҳои беасоси ҷиноятӣ дар робита ба фаъолияти мазҳабӣ афроди зиёдеро зиндонӣ мекунад. Дар соли 2015 додгоҳ фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро манъ ва 100 нафар аз аъзои онро зиндонӣ кард.

Маълумот ва хулосаҳои гузориши мазкур метавонанд барои эълони таҳрим ва дигар иқдомҳои ИМА нисбати кишварҳои поймолкунандаи ҳуқуқҳои динӣ боис шаванд.

XS
SM
MD
LG