Ссылки доступа

Пирӯзии муҳими Трамп дар интихоботи ибтидоӣ


Миллиардер Доналд Трамп дар интихоботи ибтидоии ҳизбӣ дар иёлати Индиана пирӯз шуд, ки ба ӯ тақрибан пешбарӣ шудан ба мақоми президентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷониби Ҳизби ҷумҳурихоҳро кафолат медиҳад.

Доналд Трамп аксари раъйи интихобкунандагони ҷумҳурихоҳро дар ин иёлати бузург ба даст оварда, рақибаш Тед Крузро аз идомаи рақобат маҳрум сохт.

Пирӯзии Круз дар Индиана метавонист ба Трамп дар мавриди соҳиб шудани 1238 раъйи вакилони анҷумани ҳизб, ки барои номзадӣ ба мақоми президентӣ аз ҳисоби ҷумҳурихоҳон зарур аст, монеъа эҷод кунад.

Тибқи назарсанҷиҳо, Доналд Трампро интихобкунандагони тамоми синну сол, ба ҷуз аз 17 то 24-солаҳо, намояндагони қишрҳои дорои даромади гуногун бартарӣ додаанд.

Номзадҳо ба мақоми президентӣ аз Ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтон ва Берни Сандерс дар ҳоли ҳозир тақрибан мақоми баробар доранд.

XS
SM
MD
LG