Ссылки доступа

Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон меояд


Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон дар доираи як сафари расмӣ ба Душанбе меояд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қарор аст, ин сафар рӯзҳои 10-11-и май сурат бигирад. Интизор меравад, Ашраф Ғанӣ дар ҷараёни ин сафар бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти баландпояи дигари тоҷик мулоқот кунад.

Ин нахустин сафари Ашраф Ғанӣ ба Душанбе баъд аз эълони ҳукумати Ваҳдати миллӣ дар Афғонистон аст.

Моҳи марти соли равон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои афғонаш даъват кард, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биояд.

XS
SM
MD
LG