Ссылки доступа

"Тазоҳуроти замин": нахустин боздоштҳо


Сокини шаҳри Алмаатои Қазоқистон баъд аз иштирок дар як тазоҳуроти бидуни иҷозат дар маркази шаҳр 15 рӯз ҳабс шудааст.

Додгоҳи маъмурии байниноҳиявии Алмаато Кемелбоев Н.-ро "дар вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани ҷамъомадҳои мусолиматомез" айбдор кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти додгоҳ иттилоъ дода, гуфтааст, ҳоло нисбати Кемелбоев 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин шудааст.

Тибқи иттилои додгоҳ, шоми якшанбеи гузашта аз ҷониби Кемелбоев дар чорроҳҳои кӯчаи Пушкин ва хиёбони Райимбек "гирдиҳамоии ғайриқонунӣ" баргузор шуда, ки дар он ӯ норозигияшро нисбат ба нақшаи ҳукумат дар бораи фурӯши замин ва эҳтимоли ба муҳлати тулонӣ иҷора додани заминҳои корам ба хориҷиён баён кардааст.

Дар ин гирдиҳамоӣ гӯиё садҳо нафар иштирок доштаанд.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоии тазоҳуроте дар чорроҳаи кӯчаи Пушкин ва хиёбони Райимбеки Алмаато роҳ ёфт, ки дар он дида мешуд даҳҳо нафар гирдиҳам омада, ба ҳарфҳои шахсе гӯш медиҳанд, ки дар бораи "масоили замин" суҳбат мекард.

XS
SM
MD
LG