Ссылки доступа

Назарбоев ислоҳоти Кодекси заминро боздошт (видео)


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ба ислоҳоти Кодекси замини ин кишвар, ки боиси эътирозҳои мардумӣ шуд, моратория эълон кард.

Дар бораи эълони моратория зидди ислоҳоти Кодекси замин баъди ҷаласа дар қароргоҳи президент дар шаҳри Остона, хабар дода шуд. Ҳамчунин дар бораи ба истеъфо фиристодани вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Ерболат Досаев хабар расид. Хабаргузории "Интерфакс-Қазоқистон" иттилоъ медиҳад, ки нисбати вазири кишоварзӣ Асилҷон Мамитбеков танбеҳ эълон шудааст.

Назарбоев қарораш дар бораи эълон кардани мораторияро бо он пайванд дод, ки нахуст бояд суоли сокинон баррасӣ шавад. Аз 24 апрел ба ин сӯ дар сартосари Қазоқистон зидди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замин эътирозҳои мардумӣ баргузор гардид. Тағйироти нави Кодекси замин имкон медиҳад, ки дар Қазоқистон хориҷиён заминҳои корамро ба муҳлати тӯлонӣ ба иҷора гиранд.

Назарбоев дар ибтидо ин эътирозҳоро кори дасти "иғвогарон" номид, расонаҳои ҳукуматӣ дар навбати худ аз "дахолати Ғарб" сухан гуфтанд. Аммо Остона ба ин қарор расид, ки қуваи қонунӣ пайдо кардани тағйиру иловаҳоро ба Кодекси замин ба таъхир андозад. Ин тағйирот мебоист аз 1 июл ба иҷро дарояд. Президенти Қазоқистон дирӯз ҳам гуфтааст, ки пушти эътирозҳо зидди тағйироти Кодекси замин "миёнаравҳо" меистанд, аммо эълон кард, ки меъёрҳои баҳсбарангези қонунро боз медорад.

"Аз ҳамин хотир ман имрӯз қарор қабул мекунам: ба бархе аз меъёрҳои Кодекси замин, ки боиси нофаҳмии мардум шуданд, то соли оянда моратория эълон карда шавад. Агар дақиқтар бигӯем, ба чаҳор моддае, ки соли гузашта илова шуданд. Нахуст бояд ин масъаларо омӯхт, ба мардум фаҳмонид, баррасӣ кард ва роҳи ҳал пайдо карда ва танҳо дар он сурат мораторияро хоҳем бардошт. Агар ин кор анҷом дода шавад - мораторияро бекор мекунем, агар не - бекор нахоҳем кард", - гуфтааст Назарбоев.

XS
SM
MD
LG