Ссылки доступа

Қирғизистон: се утоқи корӣ барои як вакил


Барои раиси пешини порлумон ва вакил Асилбек Жээнбеков дар ошёнаи севуми бинои Жогорку Кенеш ё порлумони Қирғизистон се утоқи корӣ ҷудо шудааст. Дар ҳоли ҳозир устоҳо машғули якҷоя кардани ин утоқҳоянд.

Тавре хабарнигори порлумонии бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, утоқи якум барои кор, дувум барои пешвози меҳмонон ва севум барои истироҳат пешбинӣ шудааст. Бар иловаи ин, утоқи кории Жээнбеков ҳоҷатхонаи алоҳида хоҳад дошт.

Қаблан гуфта мешуд, ки барои Асилбек Жээнбеков чаҳор утоқи корӣ якҷоя карда мешавад. Ин хабар вокуниш ва интиқодҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

Асилбек Жээнбеков раиси порлумони Қирғизистон дар даъвати V ва VI буд. Ӯ рӯзи 13 апрел ба хотири таъин шудани бародараш ба ҳайси сарвазири ин кишвар аз вазифаи раисии порлумон истеъфо дод. Бар асоси қонунҳои амалкунандаи Қирғизистон хешовандон наметавонанд дар як вақт дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор кунанд.

XS
SM
MD
LG