Ссылки доступа

Эъдоми раҳбари куҳантарин ҳизби исломии Бангладеш


Дар Бангладеш раҳбари куҳантарин ҳизби исломиро эъдом карданд. Мотиур Раҳмон Низомии 72-сола субҳи 11 май дар маҳбаси марказии шаҳри Даққа ба дор овехта шудааст.

Ҳафтаи гузашта ба ӯ иҷоза надода буданд, то аз ҳукми қатлаш ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят кунад. Раҳмон Низомӣ дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин дар соли 1971, замони ҷангҳои истиқлолхоҳӣ айбдор дониста шуд.

Ҳангоми иҷрои ин ҳукм тадобири амниятӣ дар қаламрави Бангладеш пурзӯр гардид. Садҳо сокини ин кишвар барои истиқбол аз эъдоми Раҳмон Низомӣ ба кӯчаҳо баромада, ҷонибдорони ӯ ҳам ба нишони эътироз дар назди маҳбас гирдиҳам омада буданд.

Раиси Ҳизби аҷ-Ҷамаат ул-Исломӣ дар куштор, таҷовуз ва ташкили қатли зиёиён айбдор эълон шуда буд. Эълони ҳукми додгоҳ зидди фаъолияти ин ҳизби исломӣ ва раҳбари он дар соли 2013 боиси сар задани бетартибиҳо дар Бангладеш гардид, ки 500 нафар қурбонӣ дар пай дошта, шумори боздоштшудаҳо ба ҳазор тан мерасид.

XS
SM
MD
LG