Ссылки доступа

Сел дар Суғд ҷони се нафарро рабуд


Сели рӯзи 9 май дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд бар замми харобкориҳояш се кушта ба ҷой гузоштааст. Наҷотдиҳандагон 10 май ҷасади охирин қурбонии селро аз об пайдо карданд.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, шаби 9 май борон ва шамоли сахт тақрибан дар тамоми вилоят сар зад, вале бештар аз ҳама ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент зарар дидаанд. Сел роҳи мошингардро вайрон кардааст ва акнун рафту омад ба маркази ноҳияи Айнӣ қатъ шудааст.

Мақомоти Суғд аз тахриби даҳҳо манзили зист, мактаб, беморхона, иншооти дигари ҷамъиятӣ ва садҳо гектар киштзор хабар медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол Ҷамила Байдуллоева, корманди Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, давоми ду рӯзи оянда тақрибан дар сартосари кишвар борони шадид ва шамоли сахт дар назар дошта шудааст.

Тибқи пешбинии ҳавошиносон дар пайи боронҳои шадид дар дарёҳои Кофарниҳон, Варзоб, Хингоб, Яхсу ва Қизилсу обхезӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG