Ссылки доступа

Табодули сарнишини украинӣ бо низомиёни рус мумкин сурат нагирад


Ба гуфтаи вакили дифоъ Оксана Соколовская, пештар дар бораи табодули зиндониён баъди авфи президентҳои Русияву Украина созиш ҳосил шуда буд.

Вакили дифоъ Оксана Соколвская мегӯяд, гуфтушунидҳо дар бораи табодули Евгений Ерофеев ва Александр Александров - ду низомиёни рус бо низомии украинӣ Надежда Савченко манъ шудааст.

- Он чӣ ки мо хабар дорем - ин созиши дуҷониба аст. Ҳам Русия ва ҳам Украина дар ин маврид танаффус эълон кардаанд. Созишҳои мушаххасе садо дода буд, ки ҳанӯз амалӣ нагаштаанд. Эҳтимол ҷонибҳо интизоранд, ки ҳукми Ерофеев ва Александров қуваи қонунӣ пайдо кунад. Аммо ҳоло ман ба натиҷае расидаам, ки табодул мумкин аст сурат нагирад. Дар сурати шикоят накардани мо, зиндониён аз ҳаққи шикоят кардан дар оянда маҳрум мешаванд", - мегӯяд Оксана.

Ба гуфтаи вай, пештар созиш шуда буд, ки тавассути авфи президентҳо, зиндониён табодул мешаванд.

XS
SM
MD
LG