Ссылки доступа

ДИ барои смартфонҳо замимаи кӯдакона нашр кард


Гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" барои телефонҳои ҳушманд ё смартфонҳои Android замима нашр кардааст, хабар медиҳад Би би си.

Ҷангҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи нашри замимаи нави мобилӣ хабар медиҳанд. Ба гуфтаи ҷангҷӯён, ин замима ба кӯдакон имкон медиҳад, ки алифбои арабиро биомӯзанд.

Ҳар ҳарфи ин алифбо бо аксҳои мутаносиб оро ёфтааст. Корбарон ҳамчунин хабар медиҳанд, ки барои ҳар ҳарфе шеъре эҷод шудааст. Дар ҳамин ҳол, агар кӯдак болои ҳарфе зер кӯдак, пас исми силоҳро бо забони арабӣ хоҳад шунид. Болои ҳарфи дигар акси тонк нашқ ёфтааст.

Пештар аз ин ДИ як замимаи дигари мобилӣ нашр карда буд. Бо кумаки он замима ҷангҷӯён аз хабарҳои охирини ҳамсафонашон огоҳӣ пайдо мекарданд. Дар маҷмуъ, ҷангҷӯёни ДИ барои таблиғи ақидаҳояшон аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои муосири иртибот фаъолона истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG