Ссылки доступа

Русия: қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ" соддатар мешавад


Ба лоиҳаи қонун дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки мафҳуми "фаъолияти сиёсӣ"-ро шарҳ медиҳад, тағйирот ворид гардид ва бар асоси он созмонҳои хайриявӣ "агентҳои хориҷӣ" ҳисобида намешаванд.

Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" бо истинод ба манбааш дар Думаи давлатӣ хабар додааст. Тибқи иттилои манбаи нашрия, ин иқдом дар асоси дастури президенти Русия ба хотири фароҳам кардани шароити мусоид ба фаъолияти хайриявии созмонҳои иҷтимоӣ сурат гирифтааст.

Қаблан сарпараст ва муассисони бунёдҳои хайриявӣ бо ирсоли як нома аз Владимир Путин дархост карда буданд, ки ба вакилон тавсия бидиҳад, то лоиҳаи қонун дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматиро, ки мафҳуми "фаъолияти сиёсӣ"-ро шарҳ медиҳад, бозбинӣ кунанд.

Шӯрои ҳуқуқи башари президент ҳам зидди қабули ин лоиҳаи қонун баромада буд.

Моҳи апрел Думаи давлатии Русия дар қироати аввал пешниҳоди Вазорати адлияи ин кишвар дар мавриди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматиро қабул карда буд.

XS
SM
MD
LG