Ссылки доступа

Вазъи захмиёни таркиши Бағдод вазнин аст


Дар натиҷаи таркише дар бозори шаҳри Садр-ситӣ, минтақаи шианишини Бағдод беш аз 60 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 100 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Би-би-си хабар медиҳад.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, ин ҳодиса дар пайи таркиши мошине, ки дар он маводи тарканда насб буд, рух додааст.

Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ), ки ҷонибдорони он қаблан ҳам дар минтақаҳои шианишин ва гуруҳҳои ба назари онҳо "бидъаткор", ҳамлаҳои террористӣ анҷом додаанд, бар дӯш гирифтааст.

Аз аввали моҳи апрели соли равон то ба ҳол чандин таркишҳои бузурги ба ин монанд дар шаҳри Бағдод рух дода, ки ҳар кадоме ҷони даҳҳо одамро рабудааст. Ибтидои моҳи май дар ҷанубу ғарби ин шаҳр мошине таркида буд. Охирҳои моҳи апрел низ беш аз 20 нафар дар натиҷаи таркише дар наздикии Бағдод кушта шуданд.

Ҳоло вазъи бештари захмиёни таркиши 11 май вазнин арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG