Ссылки доступа

Дар Қирғизистон бузургтарин ширкати мобилӣ харидор наёфт


Ширкати "Алфа Телеком"-ро дар Қирғизистон мехостанд бо қимати 300 миллион доллар тариқи музояда бифурӯшанд. Аммо ин ширкат харидор наёфт. Мақомот мехостанд бо пулҳое, ки аз фурӯши ширкат ба даст меомад, роҳи мошингарди Балиқчӣ-Корумдуро таъмир кунанд.

Ҳукумат дар ибтидои моҳи феврали соли ҷорӣ эълон карда буд, ки ширкати мобилиро мефурӯшад. Давоми се моҳ ҳеч нафаре барои харидани ин ширкат муроҷиат накардааст. Ҳоло комисияи байниидоравӣ дақиқ накардааст, ки бо ширкати мобилӣ чӣ кор хоҳад кард.

Ин ширкат 2,5 миллион муштарӣ дорад. Дар ҳамин ҳол, сокинони Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ тахмин мезананд, ки ширкатро мансабдорон ва ё тоҷирони "худӣ" мехоҳанд бихаранд. Ба хотири камтар кардани арзиши ширкат ҳукумат музоядаи нахустинро баргузор накардааст.

XS
SM
MD
LG