Ссылки доступа

ББА: ду дарсади ММД ҷаҳон барои ришва сарф мешавад


Ҳамасола аз якуним то ду триллион доллар дар ҷаҳон барои ришва истифода мешудааст, ки он наздик ба ду дарсади ММД-и ҷаҳониро ташкил медиҳад. Дар ин бора раҳбари Бунёди байналмилалии асъор (ББА) Кристин Лагард хабар додааст.

Дар номаи бози Лагард, ки пеш аз саммити мубориза бо ришвахорӣ дар Лондон нашр шуд, гуфта мешавад, коррупсия ҳоло ба иқтисоди ҷаҳон таъсири харобовар мерасонад, ки ин боиси коҳиш ёфтани маблағгузорӣ ба соҳаҳои тандурустию маориф ва ғайра хоҳад гардид.

Ба гуфтаи раҳбари бунёди байналмилалии асъор, зиёнҳои вобастаи фасод метавонанд бештар бошанд, ки ин зиёнҳо боиси рушди заифи иқтисодӣ ва баланд шудани сатҳи нобаробарии даромад гардидаанд.

Кристин Лагард таъкид кардааст, ки фасод инчунин боварии мардум ба ҳукуматро коҳиш дода, меъёрҳои ахлоқиро аз байн мебарад. Дар саммити мубориза бо фасод, ки 12 май дар Лондон оғоз шуд, намояндаҳои 40 кишвар, аз ҷумла раҳбари 11 давлат иштирок хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG