Ссылки доступа

Кушта шудани як фармондеҳи "Ҳизбуллоҳ" дар Сурия


Яке аз фармондеҳони шинохтаи гуруҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар натиҷаи таркише дар Сурия ба ҳалокат расидааст.

Гуруҳи "Ҳизбуллоҳ" чӣ гуна кушта шудани Мустафо Бадриддинро шарҳ надодааст. Вале шабакаи телевизионии наздик ба ин гуруҳ - Al-Mayadeen TV иттилоъ дода, ки ӯ дар натиҷаи зарбаи ҳавоии нерӯҳои Исроил ба ҳалокат расид. Мақомоти Исроил ҳам марги ин фармондеҳро шарҳ надодаанд.

Мустафо Бадриддин аз зумраи чаҳор нафаре буд, ки дар ғайбашон ба гумони куштори сарвазири пешини Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Гуруҳи "Ҳизбуллоҳ" дар бораи ҳалокати Мустафо Бадриддин имрӯз хабар дода, гуфтааст, "ӯ дар бештари амалиётҳои муқовимати исломӣ дар соли 1982 иштирок дошт".

Кушта шудании Мустафо Бадриддин баъд аз қатли раҳбари ҷиноҳи низомии "Ҳизбуллоҳ" Имод Муғния, ки дар натиҷаи таркише соли 2008 дар Димишқ ба ҳалокат расид, барои ин гуруҳ талафоти бузург аст.

XS
SM
MD
LG