Ссылки доступа

Даъвати ҳомиёни ҳуқуқ барои барқарории дастрасӣ ба "Қрим.Воқеиятҳо"


Кумитаи байналхалқии ҳимоят аз рӯзноманигорон мегӯяд, мақомоти Русия бояд маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаи "Қрим.Воқеиятҳо"-ро бартараф кунанд.

"Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот - ин ҳуқуқест, ки дар Конститутсияи Русия ва ҳам дар шартномаҳое, ки Русия онҳоро қабул кардааст, зикр шудааст", - мегӯяд узви Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон Музаффар Сулаймонов. Ба гуфтаи вай, мақомот бояд ин ҳуқуқро риоя кунанд ва фавран дастрасӣ ба сомонаро барқарор созанд.

Додситони Қрими ғасбшуда Наталя Поклонская рӯзи панҷшанбе эълон кард, дастрасӣ ба сомонаи "Қрим.Воқеиятҳо", ки лоиҳаи бахши украинии Радиои Озодӣ аст, маҳдуд мешавад. "Бар асоси маводе, ки додстонии Қрим гирд овардааст, Роскомнадзор дастрасӣ ба сомонаи мазкурро маҳдуд мекунад", - хабар дод Поклонская.

Сармуҳаррири Радиои Озодӣ Ненад Пеич маҳдудсозии сомонаи "Қрим.Воқеиятҳо"-ро рафтори хашине, ки ба худсонсурии Радиои Озодӣ равона шудааст, унвон кард.

Сомонаи "Қрим.Воқеиятҳо" баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия таъсис шуда буд.

XS
SM
MD
LG