Ссылки доступа

Дар Қирғизистон "агенти хориҷӣ" феълан қабул намешавад


Порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун дар бораи созмонҳои ғайридавлатиро, ки аз қонуни Русия айнан нусхабардорӣ шуда буд, напазируфт. Бар асоси ин қонун, ҳамаи созмонҳои ғайридавлатӣ таҳти назорати шадид қарор мегирифтанд.

Бештари вакилони порлумон зидди қабули ин қонун овоз дода, гуфтаанд, он боиси маҳдудшавии ҳуқуқҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коҳиши кумакҳои байналмилалӣ ба Қирғизистон мегардад.

Галина Скрипкина, раиси Кумитаи порлумони Қирғизистон оид ба қонунгузории ҳуқуқӣ, масъалаҳои додгоҳию ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, ки аз лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ мекунад, гуфтааст, ин лоиҳа барои таъмини шафофияти созмонҳои ғайридавлатӣ равона шуда буд. Ӯ гуфт, ки танҳо 73 банди ин қонун ба созмонҳои ғайридавлатӣ рабт дошт.

Ин дар ҳолест, ки вакили дигари порлумони Қирғизистон Каромат Орозова пазируфтани чунин як қонунро ба нафъи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ намедонад. Ӯ мегӯяд, созмонҳои ғайридавлатӣ бо сокинон ҳамкории наздик доранд ва фаъолияти онҳо набояд маҳдуд шавад.

"Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамкорони мо ҳастанд. Онҳо низ барои рушди парламентаризм лоиҳаҳо иҷро мекунанд. Ин созмонҳо мушкилотеро ҳал мекунад, ки давлат тавони ҳалли онҳоро надорад. Пас чи хел мо метавонем фаъолияти онҳоро маҳдуд кунем?", - мегӯяд Орозова.

Дар Қирғизистон наздик ба 5 ҳазор созмони ғайридавлатӣ фаъолият дорад, ки 65 дарсади онҳо пура аз хориҷа маблағгузорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG