Ссылки доступа

Макгерк: қаламрави ДИ дар Сурияву Ироқ кам мешавад


Бретт Макгерк, намояндаи махсуси ИМА дар эътилофи мубориза бо созмони тундгарои "Давлати исломӣ" гуфт, ин созмон назорати ҳудудҳои Сурия ва Ироқро аз даст медиҳад.

Макгерк дирӯз дар пойтахти Урдун - шаҳри Аммон хабар дод, ки ДИ ба дифоъ гузашта, қаламрави хилофаташ "кам" мегардад.

Намояндаи вижаи Вашингтон афзуд, эътилофи байналхалқӣ бо роҳбарии ИМА барои озод кардани шаҳри Раққаи Сурия ва Мавсули Ироқ талош дорад.

"Амалан мо ҳамарӯза ба шаҳри Мавсул зарбаҳои дақиқ мезанем. Зарбаҳои ҳамоҳангшуда ба таври доим амалӣ мешаванд", - меафзояд Макгерк. Вай мегӯяд, дар моҳҳои наздик "маъракаи фишор аз ҳар ҷониб" ба Раққа оғоз мегардад.

Бретт Макгерк ҳамчунин афзуд, қарори зиёд кардани шумори нерӯҳои махсуси амрикоӣ дар шимоли Сурия, ки Барак Обама, президенти ИМА моҳи гузашта қабул кард, дастовардҳои охири нерӯҳои ИМА дар Сурияро тақвият медиҳад.

XS
SM
MD
LG