Ссылки доступа

Вакил "Шабакаи аввали Евразия"-ро ба додгоҳ кашонд


Нурхон Жумабеков, вакили дифоъ аз Қарағандаи Қазоқистон зидди ширкати "Евразия+ОРТ", ки молики "Шабакаи аввали Евразия" аст,ба додгоҳи ноҳияи Бостандиқи Алмаато даъво бурда, талаби ҷуброни зарари маънавӣ кардааст.

Сабаби ин даъво суханҳои барандаи телевизион Аймира Шаукентаева будааст, ки гуфт, эътирозҳои мардумӣ дар минтақаҳои Қазоқистон дар масъалаи замин пардохт шудааст.

30 апрел дар барномаи телевизионӣ рӯзноманигор гуфт, "барои ҳар нафаре, ки ба эътирози ғайриқонунӣ меояд, созмондиҳандагон аз 50 то 150 доллар мегиранд". Ҳафтаи гузашта рӯзноманигорони барномаи иттилоотии "Шабакаи аввали Евразия" навореро нишон доданд, ки ба гуфтаи рӯзноманигорон, далели пул гирифтани созмондиҳандагони эътирозҳо сабт шудааст. Дар навор чеҳраи одамон сабт нашудааст, танҳо лаҳзаи гӯё пул гирифтани онҳо сабт шудааст.

- Ман барои онҳое, ки ба эътироз баромадам мутаассифам. Аз телевизион бар рухи онҳо ифлосӣ мепошанд. Ба гуфтаи Шаукентаева, одамон қодиранд танҳо бо ихтиёри дигарон эътироз кунанд, - мегӯяд Нурхон Жумабеков.

Вакили дифоъ аз додгоҳ хостааст, ки барои зарари маънавӣ 100 ҳазор танга бирӯёнад.

XS
SM
MD
LG