Ссылки доступа

Машқи муштараки низомии Туркия, Гурҷистон ва Озарбойҷон


Вазирони дифои Гурҷистон, Туркия ва Озарбойҷон дар шаҳри Қабала машқи низомии муштараки нерӯҳои ин се кишварро, ки рӯзҳои наздик баргузор мешавад, баррасӣ кардаанд.

Вохӯрии ин се вазири дифоъ дар арафаи мулоқоти раҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон сурат гирифта, ки қарор аст, имрӯз дар шаҳри Вена бо иштироки дипломатҳои Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса баргузор гардад. Интизор меравад, дар ин мулоқот оташбаси ноустувори Қарабоғи Куҳӣ баррасӣ шавад.

Вазъ дар Ҷумҳурии худмухтори Қарабоғи Куҳӣ шаби 1 ба 2 апрели соли равон якбора бад шуда, задухурди мусаллаҳонае сурат гирифт, ки даҳҳо кушта дар пай дошт. Рӯзи 5 апрел ҷонибҳо эълони оташбас карданд. Вале аз он вақт то ҳоло ҳар ду тараф пайваста якдигарро дар шикасти ин созиш айбдор мекунанд.

Ҷанг дар Қарабоғи Куҳӣ аз соли 1988 то 1994 шиддат гирифта, дар он наздик ба 30 ҳазор кас кушта шуд ва Озарбойҷон ин минтақаро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG