Ссылки доступа

"Порлумони мардумӣ" дар Бишкек тазоҳурот баргузор мекунад


Иттиҳоди ҷамъиятии "Порлумони мардумӣ" тазоҳуротеро, ки ба рӯзи 17 майи соли равон гузошта шуда буд, дар шаҳри Бишкек баргузор мекунад. Дар ин бора Расул Умбеталиев, яке аз аъзои ин иттиҳод хабар дода, ки иҷозатнома барои баргузории ин гирдиҳамоиро дарёфт кардааст.

"Порлумони мардумӣ" моҳе пеш таъсис ёфт. Вале ҳафтаи гузашта раҳбарони он аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти милии Қирғизистон боздошт ва дар омодагӣ ба ғасби ҳукумат айбдор шуданд.

Қаблан дастгоҳи ноҳияи Первомайи шаҳри Бишкек барои баргузории ин тазоҳурот дар майдони "Ала-Тоо" иҷозат надода буд.

Намояндаҳои "Порлумони мардумӣ" гуфтанд, дар ин гирдиҳамоӣ наздик ба 50 ҳазор одам иштирок хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG