Ссылки доступа

Узви "комиссияи замин"-и Қазоқистон аз кори он норозист


Сиёсатмадори мухолиф Зауреш Батталова гуфтааст, агар ҳайати "комиссияи замин" ва низоми кории он бозбинӣ нашаванд, дар фаъолияти ин ниҳод ширкат нахоҳад кард.

Батталова мегӯяд, ба ҷуз аз 7 ё 8 нафар, аъзои дигари ҳайати комиссияи мазкур тавре баромад мекунанд, ки "гӯиё дар назди муовини сарвазир ҳисоботдиҳандаанд". Ин сиёсатмадор аз регламент ва низоми овоздиҳию қабули қарор дар ин комиссия ҳам норозӣ аст.

Вай пешниҳод дорад, ки ба ҳайати комиссия бояд намояндагони тамоми минтақаҳои Қазоқистон ҷалб шуда, қабули қарор на аз тариқи овоздиҳӣ, балки дар асоси ризоият гирифта шавад. Батталова мегӯяд, ки агар вазъ тағйир наёбад, дар кори комиссия иштирок нахоҳад кард.

Ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба ислоҳоти замин рӯзи 14 май дар шаҳри Остона баргузор шуд. Ин ҳайат 5 май пас аз тазоҳуроти густарда дар минтақаҳои гунонуни Қазозистон ва эълон шудани мораторияи баъзе аз меъёрҳои Кодекси замин аз ҷониби президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таъсис ёфт.

XS
SM
MD
LG