Ссылки доступа

Гузориши махфии ҷосусии швейтсарӣ нашр шуд


Дар ҳуҷҷат робитаи мақомоти махсуси Русия ва дигар кишварҳои ИДМ бо олами ҷиноӣ таҳлил шудааст

Дар сомонаи созмони ҷамъиятии байниминтақавии "Русияи боз", ки онро Михаил Ходорковский - мухолифи ҳукумати Русия роҳбарӣ мекунад, 16 май гузориши махфии Хадамоти таҳлил ва пешгирии Швейтсария нашр гардид. Дар гузориш робитаи мақомоти махсуси Русия ва кишварҳои дигари ИДМ бо олами ҷиноӣ тасвир шудааст.

Дар матлабе, ки сомонаи "Русияи боз" нашр кардааст, муаллифони гузориш ҳамкории мақомоти махсуси Русияро бо гуруҳҳои ҷиноӣ аз эҳтимол дур надонистаанд. Дар ҳамин ҳол, муаллифон талош кардаанд, то ба суоли ин ки оё ин ҳамкорӣ "мудовим" будааст ё танҳо "аз як ҳодиса то ҳодисаи дигар" посух гӯянд.

Ба гуфтаи муаллифон, навъи асосии фаъолияти мақомот бо гуруҳҳои ҷиноӣ содироти захираҳои табиӣ ба хориҷ будааст.

XS
SM
MD
LG