Ссылки доступа

Туркияву Украина нақшаи ҳамкории низомӣ имзо карданд


Миёни Нерӯҳои низомии Украина ва Туркия Нақшаи амалии ҳамкории низомӣ ба имзо расид. Ҳадаф аз имзои ин нақша то соли 2020 омода кардани Украина ба узвияти НАТО аст, хабар медиҳад Ситоди кулли Нерӯҳои низомии Украина.

Нақшаи мазкур ба таври дақиқ бахш ва самтҳои ҳамкории низомӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишварро то соли 2020 муайян мекунад. Нақша аз ислоҳот ва банақшагирии дифоӣ, омӯзиш ва омодагии нерӯҳо, кумаки машваратӣ ва ҳамкорӣ миёни навъҳои нерӯҳои низомӣ иборат аст.

Охири ҳафтаи гузашта Туркияву Украина ҳамчунин барои коркарди нақшаи амал дар Баҳри сиёҳ ба мувофиқа расиданд.

Муносибатҳои Туркияву Украина дар моҳҳои охир рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Баъди афзудани зиддиятҳо бо Русия Туркия ба таври мушаххас аз мавқеи умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ягонагии марзи Украина ва ғасби ғайриқонунии Қрим аз сӯи Русия пуштибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG