Ссылки доступа

Арманистону Озарбойҷон оташбаси Қарабоғро тасдиқ карданд


Президентҳои Арманистону Озарбойҷон устувории худро дар мавриди оташбас ва ҳалли осоиштаи низоъи Қарабоғи Куҳӣ тасдиқ карданд. Дар бораи ин созиш баъди гуфтугӯ бо миёнаравҳои амрикоӣ, русӣ ва фаронсавӣ дар Вена, ки 16 май баргузор шуд, хабар расид.

Президентҳои Озарбойҷону Арманистон ризоият доданд, ки даври нави гуфтугӯ моҳи июн баргузор шавад. Бино бар изҳороти Департаменти давлатии ИМА, сарони ду давлат тасдиқ карданд, ки низоъ бо роҳи низомӣ ҳал нахоҳад шуд. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки ҳамраисони гуруҳи Минск оид ба Қарабоғ ба муҳим будани иҷрои созишномаи оташбаси солҳои 1994 ва 1995 таъкид кардаанд.

"Барои коҳиши хатари хушунатҳои оянда, онҳо ба созиш расиданд, то дар муҳлатҳои наздик дар САҲА бар сари абзор ва тарзи таҳқиқи рӯйдодҳо тавофуқ кунанд. Президентҳо ҳамчунин ба густариши салоҳиятҳои Раёсати намояндаи шахсии раиси феълии САҲА дар ин самт ризоият доданд", - омадааст дар изҳорот.

Дидори Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон ва Серж Саргсян, президенти Арманистон дар Вена нахустин мулоқоти онҳо баъд аз даргириҳои охири Қарабоғи Куҳӣ аст.

XS
SM
MD
LG