Ссылки доступа

Муфаттиш: талабаҳо на ба Гитлер, балки ба офтоб сано фиристодаанд


Аксе, ки сабаби моҷаро шудааст.
Аксе, ки сабаби моҷаро шудааст.

Раёсати Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Ростов амали мактаббачагони маҳаллиро, ки расонаҳои хабарӣ онро "табрики зодрӯзи Гитлер бо саломи фашистӣ" навиштанд, бозии "Нишон бидеҳ, офтоб дар куҷост" хондааст.

Ин ниҳод тибқи натиҷаҳои тафтишоти пешакӣ аз боз кардани парванда бар асоси моддаи барангехтани адовати Кодекси ҷиноии Русия худдорӣ кардааст.

"Мафҳуми ин бозӣ ин аст, ки яке аз аъзои гуруҳ нохост бояд амр кунад, нишон бидеҳ, офтоб дар куҷост ва аъзои дигари гуруҳ ҳам бояд зуд нишон диҳанд. Дар ин бозӣ иштирокчие мағлуб мешавад, ки аз ҳама охир ишора кунад", - омадааст дар изҳороти ин раёсат.

Рӯзи 22 апрели соли 2016 матлабҳое таҳти унвони "Мактаббачаҳои Ростов бо саломи фашистӣ Гитлерро бо зодрӯзаш табрик карданд" дар сархатти расонаҳои хабарӣ қарор гирифт. Бар асоси навиштаи расонаҳо, яке аз мактаббачаҳо 20 апрел - рӯзи зодрӯзи раҳбари Олмони фашистӣ аксеро дар шабакаи иҷтимоӣ гузоштааст, ки дар он талабаҳо мисли саломи фашистӣ дасташонро боло бардоштаанд

XS
SM
MD
LG