Ссылки доступа

Ҳабси беш аз 20 кас "барои даъват ба тазоҳурот" дар Қазоқистон


Беш аз 20 кас дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон бо гумони "вайрон кардани қонун дар бораи тартиби ташкил ва баргузории ҷамъомадҳои мусолиматомез" дар ҳабси маъмурӣ қарор доранд.

Инҳо шахсонеанд, ки ба ҳар ҳол мавқеашонро нисбат ба ислоҳоти эҳтимолии ҳукумати Қазоқистон баён намуда, дар бораи тазоҳуроте, ки гӯиё рӯзи 21 май эълон шудааст, лаб боз кардаанд.

Аз ибтидои ҳафтаи равон пулиси Қазоқистон фишор болои фаъолон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро, ки дар бораи ислоҳоти замину баргузории тазоҳуроти рӯзи 21 май дар "масъалаи замин" ибрози назар мекунанд, зиёд кардааст. Аз рӯзи сешанба, 17 май ба ин сӯ дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон беш аз 20 кас ҳабс шудааст. Ҳатто додгоҳҳо нимашаб ҳабси маъмурӣ таъйин мекунанд.

Созмони Freedom House рӯзи чаҳоршанбе аз Остона даъват кард, фавран фаъолонро озод намояд. Қаблан низ коршиносони СММ дар умури ҳуқуқи инсон ба ҳукумати Қазоқистон муроҷиат карда, хостори қатъи боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар шуданд, ки зидди ислоҳоти Кодекси замин эътироз кардаанд.

XS
SM
MD
LG