Ссылки доступа

Дар Туркманистон "ҷанг" бо моҳвораҳо то деҳаҳои дурдаст расид


Дар Туркманистон кандани антенаҳои моҳвораӣ идома дорад. Ин антенаҳо дар шаҳри мармари сафед расман ё Ишқобод "хори чашм" номида мешаванд.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки чанде қабл маъракаи кандани моҳвораҳо густариш ёфта, то ноҳия ва деҳаҳои дурдасти ин кишвар паҳн шудааст. Ин маърака гумонеро ба бор овардааст, ки мақомоти Туркманистон мехоҳанд сокинонро аз робита бо ҷаҳони хориҷ маҳрум кунанд.

Дар Ишқобод ба бархе аз онҳое, ки моҳвораҳояшонро кандаанд, пешниҳод шудааст, то муштарии телевизионҳои кабелӣ гарданд. Дар бархе аз ҷойҳо антенаи марказӣ мавҷуд аст, ки бинандагон метавонанд ба он пайванданд. Дар ҳар ду сурат интихоби шабакаҳои телевизионӣ маҳдуд аст.

Ба сокинони шаҳрҳои хурдтари Туркманистон зоҳиран дар ивази моҳвора чизе пешниҳод намешавад. Онҳо робитаро бо олами беруна аз даст медиҳанд ва бояд танҳо телевизионҳои давлатии Туркманистонро тамошо кунанд. Телевизионҳоеро, ки ҳатто боре худи президент шавқовар набудани онҳоро зикр кард.

XS
SM
MD
LG