Ссылки доступа

Русия ба даври ниманиҳоии чемпионати ҷаҳонии хоккей баромад


Бозиҳои даври чаҳорякфинали чемпионати ҷаҳонии хоккей анҷом ёфтанд. Аз натиҷаи онҳо сомонаи "Спорт-Экспресс" хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, дастаи хоккейи Русия бо ҳисоби 4:1 ба тими Олмон пирӯз шудааст.

Натиҷаи бозиҳои боқимонда ба таври зеранд:

Канада – Шветсия 6:0

Финляндия – Дания 5:1

Ҷумҳурии Чех – ИМА 2:1

Дар даври ниманиҳоӣ, ки қарор аст 21 май баргузор шавад, дастаҳои Русия бо Финляндия ва Канада бо ИМА бозӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG