Ссылки доступа

Низомиёни Ироқ ар-Рутбаро аз ҷангиёни ДИ озод карданд


Нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ идораи шаҳри ар-Рутбаро, ки аз соли 2014 ба ин сӯ дар ихтиёри ҷангиёни гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) буд, дубора ба даст гирифтанд.

Тавре Вазорати дифои Ироқ хабар медиҳад, нерӯҳои ин кишвар бо кӯмаки эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА шаҳри ар-Рутбаи вилояти Анбарро дар наздикии марз бо Урдун озод кардаанд.

Амалиёти озод намудани ин шаҳр се рӯз пеш оғоз гардидааст.

Стив Уоррен, намояндаи расмии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар Ироқ муқобилияти исломгароёнро миёна ва содда хондааст. Ӯ инчунин гуфтааст, нерӯҳои низомии Ироқ поксозии ҳамсояшаҳрҳоро аз ҷангиёни ДИ идома медиҳанд.

Моҳи апрели соли равон нерӯҳои низомии Ироқ бо кӯмаки қабилаҳои маҳаллӣ шаҳри Ҳит ва охирҳои соли 2015 шаҳри Рамодиро ҳам аз дасти ҷангиёни ДИ гирифта буданд.

XS
SM
MD
LG