Ссылки доступа

Дар Қазоқистон шабакаҳои иҷтимоиро муваққатан бастанд


Дар Қазоқистон аз дишаб ба ин сӯ бузургтарин шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook, Twitter, "ВКонтакте", WhatsApp, Viber ва YouTube боз намешаванд.

Дар ин бора сокинони шаҳри Алмаато хабар дода, гуфтаанд, ки танҳо Telegram қисман кор мекунад.

Сабаби аслии маҳдудияти дастрасӣ ба ин шабакаҳо маълум нест. Вале сокинон онро ба тазоҳуроти зидди ислоҳоти замин дар Қазоқистон рабт медиҳанд, ки эҳтимол аст, рӯзи 21 май баргузор шавад.

Ба гуфтаи сокинон, аз соати 00:00 то 01:00 дишаб дар Қазоқистон тамоми шабакаҳои бузурги иҷтимоӣ, аз ҷумла Инстаграм ва "Мой мир" баста шуданд. Вале баъди соати 01:00 то соати 02:00 дар шаҳри Алмаато интернет пурра қатъ гардидааст.

Бар асоси иттилои онҳо, дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд шуда, ба сомонаҳои дигар танҳо тавассути телефони ҳамроҳ ё мобилӣ дохил шудан мумкин аст.

Иттилоъ дар бораи баргузории тазоҳуроти 21 май зидди ислоҳоти замин моҳи равон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Аз 17 май ба ин сӯ барои даъват ба ин тазоҳуроти бидуни иҷозат беш аз 20 кас боздошт гардиданд.

XS
SM
MD
LG