Ссылки доступа

Ҳукумати Арманистон омодааст аз 800 мошини хидматӣ даст кашад


Дар бораи он ки ҳукумат дигар ба нигаҳдории садҳо мошин, аз ҷумла мошинҳои гаронбаҳо ва он ҳам аз ҳисоби андозсупорандагон эҳтиёт надорад ва бидуни ин мошинҳо ҳам ҳукумат метавонад кор кунад, имрӯз дар ҷаласаи ҳокимияти иҷроия раҳбари дастгоҳи ҳукумат Давид Арутюнян хабар додааст.

"Дар марҳилаи аввал шумори мошинҳо 797 адад кам мешавад. Мо ба ҷуз аз вазорати мудофиа, корҳои хориҷӣ, пулис, Кумитаи амнияти миллӣ, Кумитаи тафтишотӣ ва ҳамчунин хадамоти наҷотдиҳӣ боқӣ бо ҳамаи вазоратҳо кор кардем. Шумори мошинҳое, ки мустақиман аз буҷаи давлат таъмин мешаванд, 107 адад кам мегардад, мошинҳое, ки аз ҳисоби сохторҳои дигар таъмин мешаванд, 690 адад кам хоҳанд шуд", - гуфт Арутюнян.

Вай афзуд, хадамоти назорати дастгоҳи сарвазир чӣ гуна истифода шудани мошинҳои хидматиро меомӯзад ва ин маълумот дар сомонаи махсус нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG