Ссылки доступа

Ӯзбекистон чойнӯштарин кишвари ҷаҳон дониста шуд


Бино бар натиҷаи назарпурсии маркази Euromonitor, 99,6 фоизи ӯзбекистониҳо аз миёни ҳамаи нӯшокиҳои гарм чойро меписанданд.

Миёни даҳ кишвари дӯстдори чой ба ҷуз аз Ӯзбекистон ҳамчунин Кения (99,2%), Озарбойҷон (99,1%), Покистон (99%), Чин (98,9%), Миср (98,5%), Марокаш (96,1%), Қазоқистон (95,6%), Нигерия (95,4%) ва Ҳиндустон (89%) низ ҳастанд.

Дақиқ шудааст, ки дӯстдорони қаҳва дар Гватемала (99,6%), Ҷумҳурии Доминика (99,5%), Бразилия (97,4%), Эквадор (97,4%) ва Коста-Рика (96,9%) ба сар мебурдаанд.

Тавре муаллифони пажӯҳиш мегӯянд, қитъаи Осиё чойро бештар менӯшад, аммо хушбинӣ ба чой дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ низ дар ҳоли афзоиш аст.

Тибқи ин таҳқиқот, қисми бештари аҳолии ҷаҳон қаҳваро аз чой афзалтар медонанд.

XS
SM
MD
LG