Ссылки доступа

Рӯйхати махсуси ӯзбекистониҳое, ки панҷ сол дар кишвар набуданд


Дар суҳбат бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ яке аз раисони маҳалла, ки ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти амнияти миллӣ хона ба хонаи мардум гаштааст, мегӯяд, шоҳиди тартиб додани рӯйхати махсуси шаҳрвандон шудааст.

- Ин рӯйхатро ба бахши консулии вазорати корҳои хориҷӣ мефиристанд. Баъдан тафтиш шуруъ мешавад, ки оё ин афрод ба бахшҳои консулии сафоратҳо муроҷиат кардаанд ё на. Ба мо хабар доданд, ки ин тоифа ба таври автоматӣ аз ҳаққи шаҳрвандӣ бебозгашт маҳрум мешаванд, - мегӯяд ҳамсуҳбати радио.

Ин раиси маҳалла чанде қабл бо сабаби назорати зиёди ВКД ва Хадамоти амнияти миллӣ ва ҳамчунин ҳаҷми зиёди кор аз вазифа даст кашидааст.

- Ҳоло дар ҳар кадом маҳалла гуруҳи махсус иборат аз 4 нафар кор мекунад ва ҳамаи онҳо ба тартиб додани рӯйхат машғул ҳастанд. Нозир, посбон, раис шуруъ аз субҳи саҳар дар ба дари мардум мегарданд. Онҳо дақиқ мекунанд, ки чанд нафар аз як хонавода ба хориҷ рафтааст, ба кадом кишвар, он ҷо чӣ кор мекунанд, бори охир кай ба кишвар омада буданд ва баъдан ду рӯйхат тартиб медиҳанд. Дар як рӯйхат маълумоти хориҷрафтаҳоро менависанд, дар рӯйтахти дигар баргаштаҳоро. Рӯйхати рафтагонро ба Хадамоти амнияти миллӣ мефиристанд, баргаштаҳоро ба ВКД. Агар шаҳрванд бештар аз 3 сол дар кишвар ҳузур надошта бошад, пас рақами телефонашро аз пайвондонаш мегиранд ва тариқи телефон аз вай талаб мекунанд, ки ба кишвар баргардад. Барои он ки баъдан дар оянда ҳам барои шаҳрванди дар хориҷ буда ва ҳам барои худи намояндагон мушкил ба бор наояд, - мегӯяд ҳамсуҳбати радио.

Моҳи феврали соли ҷорӣ ВКД-и Ӯзбекистон расман хабар дод, дар бораи 75 ҳазор шаҳрванди ин кишвар, ки дар хориҷ ҳузур доранд, маълумот гирд овардааст. Ҳамаи онҳо зери назорат гирифта шудаанд. Ҳамчунин тибқи иттилои вазорат, бо 70 ҳазор шаҳрванде, ки аз хориҷ баргаштаанд, "корҳои фаҳмондадиҳӣ" анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG