Ссылки доступа

ИА: талоши беш аз 200 ҳамлаи террористӣ дар як сол


Соли гузашта дар Иттиҳоди Аврупо (ИА) 211 ҳолати талоши комёбу ноком барои анҷоми ҳамлаи террористӣ сабт шудааст.

Тавре Мануэл Наваррет Панягуа, раиси Маркази зиддитеррористии пулиси ИА гуфтааст, сарфи назар аз иқдомҳои фаъоли мақомот ифротгароии динӣ бузургтарин таҳдид барои ин иттиҳод боқӣ хоҳад монд.

Дар натиҷаи ҳамлаҳои террористии соли 2015 дар Иттиҳоди Аврупо 151 кас кушта ва беш аз 360 тани дигар бистарӣ гардиданд ва ба гумони фаъолияти террористӣ низ беш аз 1000 нафар боздошт шудааст.

Ин маълумот аз гузориши солонаи пулиси Иттиҳоди Аврупо аст, ки рӯзҳои наздик дар ҷаласаи порлумони иттиҳод хонда мешавад.

XS
SM
MD
LG