Ссылки доступа

Ҳамкории Қирғизистону Чин густариш меёбад


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон бо Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин мулоқот карда, ба ӯ ҷоизаи давлатии кишвараш - ордени "Данакер"-ро тақдим кардааст.

Президенти Қирғизистон иҷрои хатти интиқоли нерӯи барқи "Датка-Кемин"-ро, ки кишварашро ба истиқлоли воқеии энергетикӣ мерасонад, ҳамчун намунаи ҳамкории Бишкеку Пекин оварда, гуфтааст, муносибатҳои ин ду кишвар ҳоло ба сатҳи комилан нав расидаанд.

"Бахусус, давоми се соли ахир ҳамкориҳои Қирғизистону Чин якбора тақвият ёфтаааст. Мо имсол дар бораи будан ё набудани ва ё аз ҷониби ҳамсоякишвар қатъ гардидан ё нагардиданаш фикр накардем. Чин дар роҳи расидани Қирғизистон ба истиқлоли энергетикӣ саҳми бузурге гузошт ва аз ин рӯ, миннатдориамро ба раҳбарияти Чин Си Ҷин Пин баён мекунам", - гуфтааст Отамбоев.

Вазири корҳои хориҷии Чин баъди мулоқот бо президенти Қирғизистон ба Қазоқистон сафар карда, қарор аст, барои иштирок дар саммити вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ ба Тошканд биравад.

XS
SM
MD
LG