Ссылки доступа

Раиси қабристон дар занозанӣ тоҷиконро айбдор мекунад


Баъди занозании хунин дар қабристони Ховански Москва, ки дар натиҷаи он се шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, муҳоҷирон ҳанӯз ҳам барои кор ба ин оромгоҳ барнагаштаанд.

Раиси пешини қабристони Хованск дар занозании 14 май муҳоҷирони кории тоҷикро айбдор кардааст. Вале муҳоҷирон ин изҳороти Юрий Чубаевро, ки ҳоло дар ҳабс аст, худсафедкунӣ хондаанд.

Ёдрас мешавем, 14 май дар қабристони Хованск миёни як гуруҳи ҷиноӣ ва муҳоҷирони кории тоҷик занозанӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа се шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 30 каси дигар, аз ҷумла 23 тоҷик бистарӣ гардиданд.

Ба гуфтаи ҷабрдидаҳо, як гуруҳи ҷиноии қафқозӣ аз онҳо талаб кардааст, ки аз ин ба баъд бояд 50% даромадашонро ба онҳо бидиҳанд. Вале муҳоҷирони тоҷик инро рад карданд, ки баҳс то ба занозанию тирпарронӣ печид.

Дар пайи ин ҳодиса беш аз 100 муҳоҷири кории тоҷик дар қабристони Хованск боздошт шуд. Зидди 22 тани онҳо 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъйин гардида, 7 нафарашон баъди адои ҷазо аз Русия бадарға хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG