Ссылки доступа

Вазири қазоқ аз мардуми қирғиз узр хост


Дар мактубе, ки имрӯз вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон нашр кард, омадааст, вазир Аристанбек Муҳамедиули "барои он ки суханҳояш нодуруст дарк шудаанд, самимона узр мехоҳад".

Дар ин мактуб зикр шудааст, ки бархе аз расонаҳо танҳо ду қисмати хурди суханронии вазирро нашр карданд ва дар натиҷа ҳарфҳои Муҳамедиули "маънии дигар" гирифтанд. Узрхоҳӣ, тавре дар нома омадааст, ба суханҳои вазир дар бораи муҳоҷирони меҳнатии Қирғизистон, ки дар Русия кор мекунанд, рабт дорад.

"Мо бори дигар итминон медиҳем, ки вазир ба халқи қирғиз ҳамеша эҳтиром дорад ва суханҳои вай ба ранҷонидани касе равона нашудаанд", - омадааст дар мактуб.

Дар "дидори ҳисоботӣ бо мардум" дар Остона вазири фарҳанги Қазоқистон Аристанбек Муҳамедиули эҷодиёти нависандаи қирғиз Чингиз Айтматовро ба баррасӣ гирифта, дар бораи муҳоҷирони меҳнатии Қирғизистон чанд сухан гуфт. Вай аз ҷумла гуфт, барояш дидани духтарону занони кишвари ҳамсоя, ки дар Русия ҳоҷатхонаҳоро мешӯянд ва дар хориҷ ба корҳои сиёҳ машғуланд, "хеле аламовар аст".

Дар Қирғизистон ин суханҳоро ҳамчун таҳқир қабул карданд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба ҷониби Қазоқистон нотаи эътирозӣ фиристод. Дар ин нота ҳамчунин гуфта шуда буд, ки вақтҳои охир аз ҷониби Қазоқистон нисбати Қирғизистон "изҳороти ғаразнок" бештар садо медиҳад ва чунин баёнияҳо, аз ҷумла дар телевизионҳои давлатии Қазоқистон низ пахш мешаванд.

XS
SM
MD
LG