Ссылки доступа

Қирғизистон теъдоди кормандони хориҷиро кам мекунад


Мақомоти Қирғизистон лоиҳаи нави қонун дар бораи танзими будубоши муҳоҷирони хориҷӣ дар ин кишварро таҳия намудаанд.

Дар ин бора Боқид Одилов, раиси Хадамоти давлатии муҳоҷирати Қирғизистон дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст. Ба гуфтаи Одилов, ҳоло ин лоиҳа барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шудааст.

Бар асоси лоиҳаи нав, бояд теъдоди кормандони қатории хориҷӣ дар ширкату корхонаҳо то 10 ва мутахассисону роҳбарон то 20 %-ро ташкил диҳад.

"Ин маҳдудият қаблан дар қонугузорӣ ҷой надошт. Лоиҳаи нав барои ҳифзи бозори дохилии меҳнат ва таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор таҳия шудааст", мегӯяд - раиси Хадамоти давлатии муҳоҷирати Қирғизистон.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Қирғизистон, наздики 85 дарсади муҳоҷирони кории хориҷӣ дар ин кишвар шаҳрвандони Чинанд.

XS
SM
MD
LG