Ссылки доступа

Ислоҳи қонуни Тоҷикистон баъди фошкориҳо аз офшор


Мақомоти Тоҷикистон қонунеро ислоҳ карданд, ки талаб менамояд, дар сурати сабти ширкат ё корхона номи соҳибмулкон дар минтақаҳои офшорӣ ҳам ошкор карда шавад.

Ин нукта ба қонуни “бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ", ки ҳафтаи равон ба иҷро медарояд, илова шудааст. Дар қонуни пешин, ки соли 2009 қабул шуда буд, ингуна банд ҷой надошт.

Лоиҳаи нави қонун моҳи апрели соли равон аз сӯи вакилони порлумони Тоҷикистон қабул шуда, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар рӯзи 14 май онро имзо кардааст.

Ба гуфтаи муаллифони лоиҳа, ҳадаф аз ислоҳи ин қонун шаффофият дар иқтисоду додугирифт бо кишварҳои хориҷ аст. Бинобар ин, банди дигари қонун талаб мекунад, аз ин ба баъд онҳое, ки мехоҳанд ширкат ташкил кунанд, бояд на танҳо номи муассисон, балки номи онҳоеро ҳам ба мақомоти сабти асноди расмӣ пешниҳод кунанд, ки соҳиби саҳмияҳои корхонаҳои ташкилшавандаанд. То кунун ҳангоми сабти ширкате мақомот номи муассисонро талаб мекарданд, вале номи саҳҳомон ҳатмӣ набуд.

Ба Қонун дар бораи сабти номи соҳибкорон дар Тоҷикистон дар ҳоле дар як муддати кутоҳ тағйиру иловаҳо ворид шуд, ки номи теъдоде аз шаҳрвандон ахиран ҳамчун соҳибони ширкатҳои оффшорӣ дар "Ҳуҷҷатҳои Панама" зикр шуд.

Гурӯҳе аз хабарнигорони пажӯҳишӣ санадҳои Mossack Fonseca - як ширкати ҳуқуқии Панамаро бо номи "Ҳуҷҷатҳо Панама" нашр карданд. Ин ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз раҳбарони кишварҳо, тоҷирони сарватманд ва сиёсатмадорон барои гурез аз пардохти андоз пулҳояшонро дар минтақаҳои оффшорӣ нигаҳ медоранд. Миёни онҳо 10 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст.

XS
SM
MD
LG