Ссылки доступа

"Гитлер"-и ӯзбек аз беморхона рухсат ёфт


Аҳмадҷон Усмонови 59-сола, ҳокими пешини вилояти Тошканд, ки дар беморхонаи шаҳрӣ ду маротиба ҷарроҳии қалб шуд, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист рухсат ёфтааст.

Ба иттилои манбаъи бахшии ӯзбекии Радиои Озодӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон, ҳокими пешини вилояти Тошканд, ки бо лақаби "Гитлер" маъруф аст, худро хуб ҳис мекунад ва дар манзилаш бозпурсӣ мешавад.

- Усмонов худро ҳамчун авфшуда эҳсос мекунад. Табъаш хуш аст. Усмонов бо тафтишот ҳамкорӣ дорад, - мегӯяд манбаъи Радиои Озодӣ.

Маълум шуд, ки нишондодҳои асосӣ зидди Усмонов аз Андиҷон мерасанд. Ҳокими пешини вилояти Тошканд гуфтааст, ҳамаи маблағи камомадро хоҳад пардохт.

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Усмонов миёнаҳои моҳи феврали соли ҷорӣ боз шуд. То рухсат ёфтан вай дар беморхона бозпурсӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG