Ссылки доступа

Нархи як бушка нафт ба 50 доллар расид


Қимати як бушка нафти хом бори аввал дар соли ҷорӣ то ба 50 доллар расид. Боло рафтани нархи нафт дар бозорҳои Осиёӣ ба иқтисодиёти бархе аз кишварҳои содиркунандаи нафт, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Эрон ва Ироқ умедҳои нав ба бор овардааст.

Афзоиши арзиши нафти навъи Brent (аз 27 доллари оғози соли ҷорӣ то 50 доллари кунунӣ) сарфи назар аз бештар кардани ҳаҷми истихроҷи нафт аз сӯи Эрон, амалӣ шуд. Эрон талош дорад, ки сатҳи истихроҷи нафтро ба сатҳи то эълони таҳримҳои Ғарб - наздики чаҳор миллион бушка дар як рӯз бирасонад.

Нархи нафт ҳамчунин сарфи назар аз ин ки Русия, Опек ва кишварҳои дигари содиркунандаи нафт дар масъалаи кам кардани истихроҷи он соли ҷорӣ ба созиш нарасиданд, боло меравад.

Таҳлилгарон муътадил шудани арзиши нафтро бо қурби доллар, дар робита ба сухтори ҷангалҳои Канада кам шудани воридот ва нооромиҳои Нигерия рабт медиҳанд. Нархи нафт дар ҷаҳон бо доллар баҳогузорӣ мешавад.

Дар авҷи тиҷорат дар бозори Сингапур арзиши нафти навъи Brent 27 доллар боло рафта, ба 50,01 доллар расид. Арзиши нафти амрикоии навъи WTI бошад 21 дарсад гарон шуда, ба 49,77 доллар расидааст.

XS
SM
MD
LG